Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Аҳлия Муъминова сазовори медали биринҷии Чемпионати Осиё шуд

27.07.2019

: 1756

Варзишгардухтари тоҷик Аҳлия Муъминова дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон сазовори медали биринҷӣ шуд.

Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба дзюдо имрӯз – 27 июл дар Тайпейи Чин оғоз гардид ва фардо идома меёбад.
Аҳлия дар вазни -52кг дар даври аввал озод буд, сипас дар чорякфинал аз варзишгари Муғулистон Сарантуйа Отгонҷаргал шикаст хурд. Ӯ баъдан дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари мизбон Шао-Вен Вен ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Қазоқистон Айаулум Куанишова дастболо шуд. Гуфтан бамаврид аст, ки Аҳлия Муъминова бо маблағгузории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Тайпей сафарбар гардид.
Имрӯз, ҳамчунин ду варзишгари мо миёни писарон қувваозмоӣ карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд. Дар вазни 55кг Абдуллоҳ Сайфуллоев пас аз пирӯзӣ бар Дилан Катз (Австралия) ва Мендсайхан Нйамсурен (Муғулистон) ба нимфинал баромад. Дар роҳ ба финал Абдуллоҳ аз Чун-Кай Ҳсуи тайпейӣ ва дар мубориза барои медали биринҷӣ аз Кум Чонг Квон аз Кореяи Шимолӣ мағлуб гардида, ҷои панҷумро ишғол кард. Дар вазни -66кг Анушервон Қувватов дар даври аввал бар Вонкйун Чоӣ аз Кореяи Ҷанубӣ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз Тилеген Тинарбойи қазоқистонӣ ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз Мирсейит Бактибекуулуи қирғизистонӣ шикаст хурда, ҷои ҳафтумро ишғол намуд.
Фардо қувваозмоиҳо дар 4 вазн миёни писарон ва 4 вазн миёни духтарон идома меёбад. Миёни писарон дар вазни -73кг ду варзишгари мо – Ҳайдаршо Мирзомуддинов, Ғаниҷон Ғаниев, дар вазни -90кг Мансур Раҳмон ва дар вазни +90кг Иброҳимҷон Элмуродов гуштин мегиранд.
Дар чемпионат 159 варзишгар (94 писар, 65 духтар) аз 17 давлати қораҳои Осиё ва Уқёнус иштирок доранд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Аҳлия Муъминова моҳи марти соли равон дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо дар Тошканд низ сазовори медали биринҷӣ шуда буд.