Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қайиқронҳои тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунанд

30.07.2019

: 1227

1-4 августи соли равон дар шаҳри Питештии Руминия Чемпионати ҷаҳон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонон ва ҷавонони то 23-сола баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 2 варзишгар ва як мураббӣ - Шаҳриёр Даминов миёни иштирокчиёни то 23-сола, Рустам Умаров миёни ҷавонон бо роҳбарии мураббӣ Зоҳирҷон Набиев бо маблағгузории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Руминия сафарбар гардиданд. Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр, Рустам Умаров дар масофаҳои 200 ва 1000 метр иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои Федератсияи ҷаҳонии қайиқронӣ, дар чемпионат варзишгарон аз 61 давлати ҷаҳон дар 17 қувваозмоӣ миёни ҷавонон (писарону духтарон) ва 17 қувваозмоӣ миёни ҷавонони то 23-сола (писарону духтарон) иштирок мекунанд.