Дар марҳилаи интихобӣ, ки аз 14 то 22 сентябр дар Урдун баргузор шуд, шогирдони Аҳлиддин Турдиев чор бозӣ анҷом дода, дар ҳамааш ғолиб омад ва 12 хол гирифт.
Беҳрӯз Хоҷазода бо медали нуқра ва 2000 доллари ИМА (20 фоизаш ба мураббӣ) мукофотонида шуд.
Дар доираи форуми дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон, ки то 27 сентябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, дар баробари чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ низ доир мегардад.
Пас аз натиҷагирии чор давр дар ҷадвали гурӯҳи “А” мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 9 хол пешсаф аст.
Роҳбари КФО Шайх Салмон Иброҳим Ал-Халифа ба тими наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразил, ки қораи Осиёро намояндагӣ мекунад, муваффақият хост.
Толори варзишӣ зиёда аз 400 ҷойи нишаст дорад ва асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст.
Дарозӣ ва паҳноии ҳар як майдонча 40 ба 20 метр буда, он тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Тибқи иттилои сомонаи расмии IJF, дар мусобиқа 423 варзишгар (232 мард, 191 зан) аз 71 давлати дунё иштирок мекунанд.
Ҳамин тариқ, баъд аз се давр дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бо шашхолӣ пешсафанд.
Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни калонсолон дар ду синну сол – аз 50-сола боло ва аз 65-сола боло аз рӯи се равия – рапид, классикӣ ва блитс аз 8 то 18 сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд.