22.09.2019
: 6001
Паҳлавони маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран Прии Тошканд оид ба дзюдо сазовори медали нуқра гардид.
Беҳрӯз дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштин гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд. Сипас, бар варзишгарони Руссия (Евгений Прокопчук), Британияи Кабир (Ерик Ҳам), Қазоқистон (Жансай Смагулов) ва Шведсия (Томмӣ Макиас) дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт, вале дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Ҳикматулло Тураев мағлуб гашт.
Беҳрӯз Хоҷазода бо медали нуқра ва 2000 доллари ИМА (20 фоизаш ба мураббӣ) мукофотонида шуд.
Дар рӯзи дуюм, се варзишгари дигари мо – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов, Садр Боев (-81кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Рӯзи аввали мусобиқа низ барои варзишгарони мо бобарор набуд. Дар қувваозмоиҳои вазнҳои -60кг ва -66кг се варзишгари мо – Муҳаммад Маҳмадиев, Шаҳбоз Саидаброров ва Ёқубҷон Боқиев баромад карданд, вале аз медал маҳрум монданд. Натиҷаи беҳтарро Муҳаммад нишон дод. Ӯ дар ду давр бар варзишгарони Ҳиндустону Украина пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Диёрбек Урозбоев ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз намояндаи Тайпейи Чин Йунг Вей Йанг мағлуб гардид ва ҷои ҳафтумро ишғол намуд.
Имрӯз – 22 сентябр – қувваозмоиҳо аз рӯи вазнҳои -90кг, -100кг ва +100кг миёни мардон сурат мегирад, ки 5 варзишгари маъруфи мо – Комроншоҳ Устопириён, Саидҷалол Саидов, Шарифҷон Назриев, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов гуштин мегиранд.