18.09.2019
: 1497
Шоҳмотбози тоҷик, чемпиони Тоҷикистон дар соли 2019 Ҷамшед Исоев дар Чемпионати Осиё миёни калонсолон медали тилло ба даст овард.
Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни калонсолон дар ду синну сол – аз 50-сола боло ва аз 65-сола боло аз рӯи се равия – рапид, классикӣ ва блитс аз 8 то 18 сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд. Дар мусобиқа 70 шоҳмотбоз аз 16 давлати қора иштирок карданд.
Ҷамшед Исоев – ягона намояндаи Тоҷикистон – миёни иштирокчиёни аз 50-сола боло дар равияи блитс ҷои якумро ишғол кард. Ӯ аз 9 холи имконпазир 8 хол ба даст овард. Дар 7 бозӣ бар намояндагони Қазоқистон (4 нафар), Эрон, Сурия, Қирғизистон ғалаба карда, ду бозиро бо шоҳмотбозони Қазоқистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом дод. Дар ин равия Азиз Умарбеков аз Қирғизистон бо 8 хол ҷои дуюм, Серикбай Темирбаев аз Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Ҷамшед дар равияҳои рапид ва классикӣ низ бозӣ намуд, вале бахт омад накард. Дар равияи рапид бо 4 хол дар ҷои 16-ум, дар шоҳмоти классикӣ бошад, бо 5 хол дар ҷои 9-ум мавқеъ ёфт.
Ба варзишгароне, ки дар шоҳмоти классикӣ (аз 50-сола боло то 6-ум ҷой, аз 65-сола боло то 5-ум ҷой)-ро сазовор шуданд, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 доллари ИМА тақдим гардид.