Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Президенти КФО ба рушди футбол дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

20.09.2019

: 1145

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Шайх Салмон Иброҳим Ал-Халифа бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварда, бо Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) Рустами Эмомалӣ мулоқот кард.

Дар доираи мулоқот президентҳои КФО ва АФОМ ҳамкориҳои ояндаро, аз ҷумла рушди футбол дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро муҳокима намуданд. “Барои ман ин сафар ба Тоҷикистон хеле муҳим аст, - гуфт Шайх Салмон. – Ҳамеша хушҳол мешавам, вақте барои ҳалли масъалаҳо ва кор ҷиҳати рушди футбол ба Душанбе меоям. Федератсияи футболи Тоҷикистон солҳои охир ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст”.
Роҳбари КФО, ҳамчунин оғози бобарори тими миллии футболи Тоҷикистонро дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” қайд кард, ки бар дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуд.
“Акнун, ки қароргоҳи АФОМ дар Душанбе ҳаст, ҷиҳати рушди футбол дар минтақа масъулият бештар мешавад ва ман боварӣ дорам, ки бо роҳбарии президент Рустами Эмомалӣ АФОМ футболро дар Осиёи Марказӣ сифатан низ рушд медиҳад”, - афзуд президенти КФО.
Президенти футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ президенти КФО-ро ба Душанбе хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки тими ӯ аз баҳои баланди Шайх Салмон нисбат ба рушди футболи Тоҷикистон хушҳол мешавад.
“Мо аз дастгирии президенти КФО қаноатмандем ва расман изҳор медорем, ки ҷонибдори боз ҳам рушд додани футбол дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастем. Омодагиамонро барои ҳамкориҳои гуногун бо Конфедератсияи футболи Осиё ҷиҳати пешрафти футболи Осиё баён медорем”, - афзуд президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ.
Роҳбари КФО Шайх Салмон Иброҳим Ал-Халифа ба тими наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразил, ки қораи Осиёро намояндагӣ мекунад, муваффақият хост.
Дар мулоқот, инчунин роҳбари Федератсияи футболи минтақаи Ҷанубу Шарқи Осиё Хиев Саметҳ ширкат дошт ва лоиҳаҳои якҷояи ҳамкорӣ баррасӣ шуд.