Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пешвои миллат дар Файзобод толори варзиширо ба истифода доданд

Пешвои миллат дар Файзобод толори варзиширо ба истифода доданд Пешвои миллат дар Файзобод толори варзиширо ба истифода доданд Пешвои миллат дар Файзобод толори варзиширо ба истифода доданд

20.09.2019

: 72

20 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори варзиширо, ки дар маркази ноҳия бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд.

Дар назди толори варзишии навбунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманду сарфарози ноҳия бо рӯҳияи болидаву самимияти беандоза ва садоқати бепоён истиқбол гирифтанд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки толори варзишӣ зиёда аз 400 ҷойи нишаст дорад ва асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст.
Иншооти мазкур бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Дар толори варзишӣ ду ҳуҷраи барҳавои либосивазкунӣ, ду ҳаммом бо 6 ҷои оббозӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд. Бо мақсади таъмини гармӣ дар мавсими сармо дохили иншоот пурра бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, ки тариқи неруи барқ фаъолият мекунад, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Илова бар ин дар иншооти варзишӣ системаи ҳавотозакунӣ васлу насб гардидааст, ки барои муътадил нигоҳ доштани ҳавои дохили толор нақши муҳим мебозад. Толори варзишӣ дар шафати Варзишгоҳи марказии ноҳия бунёд шуда, масоҳати умумии бино 957,3 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар самти ободу зебо ва хуррамгардонӣ саҳн ва атрофи иншоот сабзазор буда, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шудаанд. Ҳамчунин барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни толори варзишӣ 8 адад камераҳои назоратӣ насб гардидаанд.
Бо бунёд шудани иншооти замонавии солимгардонӣ шароити арзанда барои баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам гардид. Акнун насли наврасу ҷавони ноҳия имкон доранд, ки дар вақтҳои озод аз омӯзиши барномаҳои таълимӣ ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд ва аз имконияти муҳайёгардида босамар истифода баранд.
Ҳадаф аз бунёди чунин толорҳои муосири варзишӣ дар миқёси мамлакат бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа мебошад.