Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷавонони Ҳиндустон аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карданд

Ҷавонони Ҳиндустон аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карданд Ҷавонони Ҳиндустон аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карданд Ҷавонони Ҳиндустон аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карданд

21.09.2019

: 1209

21 сентябр ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Ҳиндустон дар доираи Форуми дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дидан карданд.

Дар осорхона мудири Бахши корргузорӣ ва таҳлилу иттилооти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Муқимов меҳмононро бо дастовардҳои варзишии Тоҷикистон ошно намуд.
Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 таъсис ёфт, ки аввалин осорхонаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар осорхона боздидкунандагон доир ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 28 соли соҳибистиқлолӣ маълумот гирифта, бо намунаи медалҳои онҳо ошно мешаванд.
Дар доираи форуми дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон, ки то 27 сентябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, дар баробари чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ низ доир мегардад.