Аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 33 нафар, ба ҳар яки онҳо 20 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 660 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Дзюдочии тоҷик Сулаймони Ҷамшед дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018, ки дар Буэнос Айреси Аргентина ҷараён дорад, дар ҳисоби даставӣ сазовори медали биринҷӣ шуд.
Президенти Федератсияи футболи мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболбозонро дар толори нави пешвозгирии фурудгоҳ истиқбол гирифта, бо онҳо мулоқот кард.
Дар мусобиқа 82 варзишгар (54 мард, 28 зан) дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Бадахшон ва ШНТМ иштирок карданд.
Ҳарифони тими ҷавонони Тоҷикистон мунтахабҳои Чин (20 октябр), Малайзия (23 октябр) ва Арабистони Саудӣ (26 октябр) мебошанд.
Ин аввалин бозиҳои олимпӣ хоҳад буд, ки дар қитъаи Африқо мегузарад.
Дар бозии нимфиналӣ имрӯз – 9 октябр - тими мунтахаби Тоҷикистон бар тими Филиппин бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Ба тими наврасони Тоҷикистон барои натиҷаи беҳтаринашон, ки дар Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия нишон доданд, изҳори сипос менамоям.
Сулаймон дар вазни -66 кг нахуст бар варзишгари Қирғизистон Султон Женишбеков ғалаба кард, вале дар рақобати дуюмаш аз намояндаи Озарбойҷон Вугар Толибов, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд.
Дар бозии финалӣ тими наврасони мо аз тими Ҷопон, ки бори сеюм қаҳрамони Осиё шуд, бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.