09.10.2018
: 3673
Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки дар Бангладеш ҷараён дорад, роҳ ёфт.
Дар бозии нимфиналӣ имрӯз – 9 октябр - тими мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев бар тими Филиппин бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳисобро дар дақиқаи 31-уми бозӣ Комрон Турсунов кушод. Дар дақиқаи 90+7 Аҳтам Назаров голи дуюми Тоҷикистонро вориди тури дарвозаи ҳариф намуд.
Дар даври финалӣ (12 октябр) ҳарифи Тоҷикистон ғолиби ҷуфти Фаластин-Бангладеш хоҳад буд, ки фардо муайян мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 6 даста дар гурӯҳ бозӣ карданд. Тоҷикистон дар бозии даври аввали гурӯҳи “А” бар тими миллии Непал (2:0) пирӯз шуда, дар даври дуюм аз тими Фаластин мағлуб гардид (0:2). Фаластин бо 6 хол, Тоҷикистон бо 3 хол ба даври нимфинал баромаданд. Дар гурӯҳи “В” дастаи мизбон – Бангладеш ва Филиппин ба даври дигар роҳ ёфтанд. Дастаҳои Непал аз гурӯҳи “А” ва Лаос аз гурӯҳи “В”, ки хол нагирифтанд, аз идомаи сабқат маҳрум шуданд.