08.10.2018
: 1411
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ба тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар Чемпионати Осиё-2018 арзи сипос кард. Дар Чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия доир гашт, тими мунтахаби кишвари мо на танҳо медалҳои нуқра, ҳамчунин роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) дар Перуро ба даст овард.
“Ба тими наврасони Тоҷикистон барои натиҷаи беҳтаринашон, ки дар Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия нишон доданд, изҳори сипос менамоям. Бачаҳои мо бозии олӣ нишон доданд ва барандаи медалҳои нуқра шуданд! Даста тавоноии худро на танҳо дар даври гурӯҳӣ, ҳамчунин дар даврҳои плей-офф муқобили беҳтарин дастаҳои Осиё, мисли Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон нишон дод. Дар бозии финалӣ муқобили тими Ҷопон шонси тими наврасони мо камтар буд. Вале бозингарон аз тамоми имконияташон то охир истифода бурданд, то сонияҳои охирин талош карданд ва ба мо эҳсоси зиёди гуворо туҳфа намуданд. Чунин мешуморам, ки медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё-2018 барои мо арзиши тиллоро доранд. Дар замони баргузории чемпионат дастаро миллионҳо нафар дар Тоҷикистон дӯст дошт, ки ин аз ҳама муҳим аст. Ташаккури зиёд ба ситоди мураббиён бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов барои кори арзандаашон. Ҳамчунин, сипос ба мухлисон барои дастгириашон – бе дастгирии онҳо ба чунин натиҷа расидан номумкин буд. Бо истифода аз фурсат ба тими ҷавонони кишвар, ки ба наздикӣ дар чемпионати Осиё дар Индонезия ширкат мекунад, муваффақият мехоҳам”, - гуфтааст Рустам Эмомалӣ дар мусоҳиба бо сомонаи расмии ФФТ.