Дар доираи барнома КМОТ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 1-уми ноябр семинари панҷрӯзаро барои 10 омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт шуруъ кард.
1-уми ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи миллии Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон баргузор шуд.
Даври нимниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал баргузор шуда, дар натиҷа иштирокчиёни финали мусобиқа муайян шуданд.
30-31 октябр дар шаҳри Манамаи Баҳрайн бо ташаббуси Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) семинари баробарии гендерӣ баргузор шуд.
Аз 3 то 7 ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон курси байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё барои мураббиён ва доварони кумитаҳои олимпии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор мешавад.
28 октябр дар варзишгоҳи “Шоҳ Фаҳд”-и Риёз маросими ифтитоҳи аввалин Бозиҳои Саудӣ баргузор шуд, ки дар он ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ширкат кард.
Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2022 29 октябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар сурат гирифт.
Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аз 16 то 27 октябр дар шаҳри Душанбе курси техникии ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни варзиши сабук доир шуд.
Марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол миёни мунтахабҳои ҷавонон аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.
1-12 ноябр дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон баргузор мешавад.