01.11.2022
: 391
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) давоми моҳи ноябр дар 10 муассисаи таҳсилоти миёни умумии шаҳри Душанбе Барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ”-и ҳамбастагии олимпиро татбиқ мекунад.
Дар доираи барнома КМОТ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 1-уми ноябр семинари панҷрӯзаро барои 10 омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт шуруъ кард.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло дар ифтитоҳи семинар аз муҳимияти варзиш барои ҷомеа ёдрас шуда, иброз намуд, ки тарғибу ташвиқи ҳаркати олимпӣ ва дастовардҳои варзишгарон миёни мактаббачагон боиси ҷалби наврасон ба варзиш хоҳад шуд ва аз миёни онҳо дар оянда шояд чемпионҳои ҷаҳон ва олимпӣ ба воя мерасад.
Ҳамин тариқ, омӯзгорон соҳиби сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ шуда, давоми моҳи ноябр донишҳои омӯхтаашонро дар муассисаҳои таълимии худ, тариқи машғулиятҳои назариявӣ ва ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, ба хонандагон меомӯзонанд.