Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУРАББИЁНУ ДОВАРОНИ ТОҶИК ДАР КУРСИ ОМӮЗИШИИ ОСА ДАР ТОШКАНД ШИРКАТ МЕКУНАНД

31.10.2022

: 317

Аз 3 то 7 ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон курси байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё барои мураббиён ва доварони кумитаҳои олимпии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор мешавад.

Дар чорабинӣ мураббиёну доварон аз 14 кишвари ҳар ду минтақа дар намудҳои ҷудо, гуштин, вазнбардорӣ, бокс ва шиноварӣ ширкат мекунанд. Дар умум, ҳудуди 300 нафар мураббиёну доварон маҳорати худро баланд мебардоранд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи барнома 17 нафар мураббиёну доваронро аз намудҳои варзиши ҷудо, гуштин, вазнбардорӣ, шиноварӣ ва бокс барои такмили ихтисос ба Тошканд сафарбар мекунад.

Дарсҳои назариявӣ аз ҷониби коршиносони варзидаи федератсияҳои байналмиллалӣ аз Узбекистон, Канада, Ирландия, ШМА, Тайланд, Чин ва Русия гузаронида мешаванд. Пас аз он иштирокчиёни семинар метавонанд дониши худро дар машқҳои амалӣ нишон диҳанд.