02.09.2021
: 886
2 сентябр котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо бо менеҷери Ассотсиатсияи миллии баскетболи ШМА (NBA) Макс Вилсон мулоқот кард.
Макс Вилсон бо мақсади омӯхтани шароит ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Федератсияи баскетболи Тоҷикистон бо сафари корӣ ба ҷумҳурии мо ташриф овардааст.
Зимни мулоқот Абдуллозода Муҳаммадшо зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти кишвар, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушди ҳамаи намудҳои варзиш шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Хусусан, се соли охир дар шаҳри Душанбе беш аз 300 майдончаи варзишӣ сохта шуд, ки барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол нигаронида шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон ба варзиш машғул шаванд ва дар оянда ба клубҳо ва дастаҳои миллӣ даъват гарданд.
“Дар ин замина, Федератсияи баскетболи Тоҷикистонро зарур аст, ки барои омода кардани варзишгарон аз ҷиҳати касбӣ таваҷҷуҳ кунад. Мо хушҳолем, ки дар ин самт аллакай қадамҳои нахустин гузошта мешавад”, - иброз намуд, М. Абдуллозода.
“Ман бо варзишгарону мураббиён ва намояндагони федератсия мулоқот доштам. Мо имкон дорем дар навбати аввал барои табодули таҷриба мутахассисонро аз NBA ба ин ҷо фиристем ва мураббиёну варзишгаронро аз Тоҷикистон ба Штатҳои Муттаҳида сафарбар намоем. Сипас, бо дастгирии NBA шояд дар Тоҷикистон Академияи баскетбол таъсис диҳем”, - гуфт дар идома М. Вилсон.