Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶИГОРО КАНО ПИРӮЗ ШУД

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶИГОРО КАНО ПИРӮЗ ШУД СОМОН МАҲМАДБЕКОВ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶИГОРО КАНО ПИРӮЗ ШУД СОМОН МАҲМАДБЕКОВ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶИГОРО КАНО ПИРӮЗ ШУД

04.09.2021

: 642

3 сентябр дар шаҳри Владивостоки Россия, дар доираи Форуми иқтисодии Шарқ, чорум Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано баргузор шуд.

Мусобиқа таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи Россия ва Сарвазири Ҷопон дар ҳайати даставӣ миёни мунтахаби Россия ва мунтахаби байналмилалии ҷудо (U-23), тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо сурат гирифт.

Паҳлавони маъруфи Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар ҳайати тими байналмилалӣ дар мусобиқаи ширкат карда, дар вазни -73кг чемпиони Аврупо миёни ҷавонони то 21-сола, чемпиони ҷаҳон миёни наврасон Казбек Нагучевро мағлуб намуд. Аммо дар ҳисоби умумӣ тими Россия бо ҳисоби 4:3 бар тими байналмилалӣ ғалаба кард.

Дар се вазн дастаи байналмилалӣ ва дар се вазн тими Россия пирӯз шуданд. Дар вазни -57кг намояндаи Россия Ирина Зуева бар Плеуни Корнелис (Нидерланд), дар вазни +70кг Даря Владимирова (Россия) бар Тахина Дюран (Фаронса), дар вазни +90кг Валерий Ендовитский (Россия) бар Мерт Шишманлар (Туркия), дар вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков (ТОҶИКИСТОН) бар Казбек Нагучев (Россия), Дар вазни -70 кг Марлен Галанди (Олмон) бар Дали Лилуашвили (Россия) ва дар вазни -90кг Роланд Гоз (Венгрия) бар Ёқубҷон Назиров (Россия) ғалаба карданд.

Ғолибро рақобати иловагӣ дар вазни +70кг миёни Тахина Дюран (Фаронса) —Даря Владимирова (Россия), ки дар асоси қуръакашӣ маълум гардид, ҳал намуд. Ин бор низ намояндаи Россия даст боло шуд.

Ҳамин тариқ, тими Россия бо медалҳои тилло ва тими байналмилалӣ, аз ҷумла паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков бо медалҳои нуқра сарфароз карда шуданд.