Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶИГОРО КАНО ШИРКАТ МЕКУНАД

02.09.2021

: 694

3 сентябр дар шаҳри Владивостоки Россия, дар доираи Форуми иқтисодии Шарқ, маротибаи чорум Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано баргузор мешавад.

Мусобиқа таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи Россия ва Сарвазири Ҷопон доир мегардад.

Имсол мусобиқа дар ҳайати даставӣ миёни мунтахаби Россия ва мунтахаби байналмилалии ҷудо (U-23), тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо сурат мегирад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков дар ҳайати тими байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Умуман, дар рақобатҳо 12 нафар ширкат менамоянд:

Вазни -57кг:
Чемпиони феълии Аврупо миёни ҷавонони то 23-сола Плеуни Корнелис (Нидерланд) – барандаи медали биринҷии Чемпионати Аврупо миёни наврасон Ирина Зуева (Россия);

Вазни -73кг:
Чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон, барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё/Уқёнус Сомон Маҳмадбеков (ТОҶИКИСТОН) — чемпиони Аврупо миёни ҷавонони то 21-сола, чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон Казбек Нагучев (Россия);

Вазни -70 кг:
Чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон Марлен Галанди (Олмон) – ғолиби Ҷоми Осиё-2021 дар Актау, иштирокчии Чемпионати ҷаҳон-2021 дар ҳайати даставӣ Дали Лилуашвили (Россия);

Вазни -90 кг:
Барандаи медали нуқраи Ҷоми кушоди Аврупо-2021 дар Прага Роланд Гоз (Венгрия) – барандаи медали биринҷии Чемпионати Аврупо миёни ҷавонони то 23-сола Ёқубҷон Назиров (Россия);

Вазни +70 кг:
Барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон Тахина Дюран (Фаронса) — ғолиби Ҷоми Осиё-2021 дар Актау Даря Владимирова (Россия);

Вазни +90 кг:
Ду карат барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон Мерт Шишманлар (Туркия) — барандаи медали биринҷии Чемпионати Аврупо миёни ҷавонони то 21-сола ва 18-сола Валерий Ендовитский (Россия).