Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТАЕКВОНДО ДОИР ШУД

КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТАЕКВОНДО ДОИР ШУД КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТАЕКВОНДО ДОИР ШУД КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТАЕКВОНДО ДОИР ШУД КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТАЕКВОНДО ДОИР ШУД КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ТАЕКВОНДО ДОИР ШУД

16.07.2021

: 626

9-16 июл бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода курси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни таеквондо доир шуд.

Беш аз 20 мураббӣ аз минтақаҳои кишвар ба омӯзиш фаро гирифта шуда, ихтисосашонро такмил доданд. Курсро мутахассисони тоҷик Манучеҳр Хуморов ва Исломиддин Фозилов, ки аз ҷониби Созмони Таеквондои ҷаҳонӣ пешниҳод шуданд, гузарониданд.

КМО Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани савияи дониши мураббиён чораҳои амалӣ меандешад.

Ин дуюм курси техникӣ барои мураббиён буд, ки доир гашт. Аз 3 то 13 июл курси техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни тенниси рӯи миз доир шуда буд.

Ба иштирокчиёни курси техникии таеквондо сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим карда шуд.