Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИНҲО ТОҶИКИСТОНРО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД

16.07.2021

: 646

Аз 23 июл то 8 август дар шаҳри Токиои Ҷопон 32-юм Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад, ки дар он Ҳайати олимпии Тоҷикистон низ ширкат мекунад.

Ба Ҳайати олимпии Тоҷикистон 10 нафар вориданд. Онҳо кистанд?

УСМОНОВ БАҲОДУР
Намуди варзиш: бокс, -63кг

Сол ва ҷои таваллуд: 21 декабри соли 1997, Душанбе
Машғулияти дӯстдошта: Бозии баскетбол, шашка, гимнастика.
Таҳсил: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон.
Мураббӣ: Мирзо Шамсиев.
Оғози карйераи варзишӣ: 2006.
Мақсад: Ба даст овардани медали Бозиҳои олимпӣ.
Идеал: Муштзани украинӣ Васил Ломаченко.
Унвон: Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон.
Дастовард: Медалҳои тилло ва биринҷии Чемпионати Осиё.

Моҳи марти соли 2020 дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Аммони Урдун соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Токио шуд.

НЕГМАТУЛЛОЕВ ШАББОС
Намуди варзиш: бокс, -81кг

Сол ва ҷои таваллуд: 21 сентябри соли 1997, Душанбе
Таҳсил: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон.
Мураббӣ: Аббос Негматуллоев.
Оғози карйераи варзишӣ: аз 12-солагӣ.
Мақсад: Ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои олимпӣ.
Унвон: Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон.
Дастовард: Медали тиллои Чемпионати ҷаҳон миёни донишҷӯён (2018, Екатеринбург), медали биринҷии Чемпионати Осиё (2021, Дубай).

Моҳи марти соли 2020 дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Аммони Урдун соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Токио шуд.

ЗУҲУРОВ СИЁВУШ
Намуди варзиш: бокс, +91кг

Сол ва ҷои таваллуд: 5 январи соли 1993, Кӯлоб
Таҳсил: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Мураббӣ: Парвиз Ахмедов.
Оғози карйераи варзишӣ: Аз 11-солагӣ.
Мақсад: Иштирок дар Бозиҳои олимпӣ.
Шиор: “Бокс илм аст”.
Унвон: Устоди варзиши Тоҷикистон.
Дастовард: 5 карат чемпиони Тоҷикистон, иштирокчии чорякфинали Чемпионати Осиё (2021), иштирокчии аввалин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур-2010.

Аз рӯи радабандии қитъавӣ соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио шуд.

МАҲМАДБЕКОВ СОМОН
Намуди варзиш: ҷудо, -73кг

Сол ва ҷои таваллуд: 24 марти соли 1999, Иркутск (Россия)
Машғулияти дӯстдошта: Хондани китоб, тамошои филм.
Таҳсил: донишҷӯ
Мураббиён: Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (тими миллӣ), Эргаш Маҳмадбеков, Фотеҳ Маҳмадбеков.
Оғози карйераи варзишӣ: аз 8-солагӣ.
Мақсад: Ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои олимпӣ ва чемпионати ҷаҳон.
Идеал: Ҷудочии ҷопонӣ Тадаҳиро Номура.
Унвон: Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон.
Дастовард: Медали тиллои Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2019), медали биринҷии Гранд Слам (2019, Осака), Медали нуқраи Чемпионати Осиё (2021, Бишкек).

Тариқи радабандии олимпии Федератсияи байналмилалии ҷудо роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард.

РАҲИМОВ ТЕМУР
Намуди варзиш: ҷудо, +100кг

Сол ва ҷои таваллуд: 8 июли соли 1997, Рӯдакӣ
Таҳсил: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон.
Мураббӣ: Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (тими миллӣ), Суҳроб Абдураҳмонов.
Оғози карйераи варзишӣ: аз 9-солагӣ.
Мақсад: Ба даст овардани медали Бозиҳои олимпӣ.
Шиор: “Касе пирӯз мешавад, ки бар худаш ғалаба кунад”.
Унвон: Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон.
Дастовард: Медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё, медали биринҷии Гран Прии Марокаш, медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон.

Тариқи радабандии олимпии Федератсияи байналмилалии ҷудо роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард.

УСТОПИРИЁН КОМРОНШОҲ
Намуди варзиш: ҷудо, -90кг

Сол ва ҷои таваллуд: 7 январи соли 1993, Масчоҳ
Машғулияти дӯстдошта: автомобилронӣ.
Таҳсил: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.
Мураббиён: Усто Устопиров, Ваҳид Сарлак.
Оғози карйераи варзишӣ: Аз 3-солагӣ.
Мақсад: Ба даст овардани медали Бозиҳои олимпӣ.
Идеал: Паҳлавони маъруфи тоҷик, шодравон Саидмуъмин Раҳимов.
Шиор: “Ҳарифи мушкилтарини ҳар кас худи ӯст”.
Унвон: Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон.
Дастовард: Медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2018), ду медали тилло, медали нуқра ва ду медали биринҷии Чемпионати Осиё, иштирокчии Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016.

Тариқи радабандии олимпии Федератсияи байналмилалии ҷудо роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард.

МУРОДОВ АКМАЛ
Намуди варзиш: ҷудо, -81кг

Сол ва ҷои таваллуд: 14 январи соли 1996, Данғара
Таҳсил: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Мураббӣ: Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (тими миллӣ).
Оғози карйераи варзишӣ: 2009.
Идеал: Ҷудочии Гурҷистон Варлам Липартелианӣ.
Унвон: Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Тоҷикистон.
Дастовард: медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (2016, Ҳиндустон).

Тариқи радабандии олимпии қитъавии Федератсияи байналмилалии ҷудо роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард.

АҲМАДИЕВ ИЛДАР
Намуди варзиш: варзиши сабук, 100 метр

Сол ва ҷои таваллуд: 1 марти соли 2000, Ҳисор
Машғулияти дӯстдошта: Бозиҳои компютерӣ.
Таҳсил: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
Мураббӣ: Ғайрат Неъматов
Оғози карйераи варзишӣ: 2017
Мақсад: Ба даст овардани медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ, чемпионати ҷаҳон ва гузоштани рекорди олимпӣ.
Идеал: Даванди ямайкагӣ Усейн Болт, даванди амрикоӣ Ҷастин Ҷетлин, баскетболбозони амрикоӣ Майкл Ҷордан ва Кобе Брйант.
Унвон: Устоди варзиши Тоҷикистон.

Тариқи саҳмияи универсиалии Созмони Варзиши сабуки ҷаҳонӣ имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо кард.

ИШАНОВ ОЛИМҶОН
Намуди варзиш: шиноварӣ, 50 метр тарзи озод

Сол ва ҷои таваллуд: 21 июни соли 1998, Душанбе
Машғулияти дӯстдошта: бозии футбол.
Таҳсил: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон.
Мураббӣ: Алӣ Сомон Мусоев.
Оғози карйераи варзишӣ: 2012
Мақсад: Ба даст овардани медали Бозиҳои олимпӣ.
Идеал: Шиновари амрикоӣ Майкл Фелпс.
Унвон: Устоди варзиши Тоҷикистон.
Иштирокчии Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016.

Тариқи саҳмияи универсиалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо кард.

ТЮРИНА АНАСТАСИЯ
Намуди варзиш: шиноварӣ, 50 метр тарзи озод

Сол ва ҷои таваллуд: 27 сентябри соли 2001, Душанбе
Таҳсил: донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон.
Мураббӣ: Алишер Чингизов.

Иштирокчии Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 ва Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айрес-2018.

Тариқи саҳмияи универсиалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо кард.