13.07.2021
: 688
Деҳаи олимпии Токио-2020 расман ифтитоҳ гардида, аввалин варзишгаронро қабул намуд.
Намояндагони расмии ҳайатҳои олимпӣ низ тавонистанд ба деҳа ворид шаванд ва барои пешвози варзишгаронашон омодагӣ бинанд.
Варзишгарон дар Деҳаи олимпӣ барои расонаҳо дастнорас буданд. Маросимҳои анъанавии истиқболи ҳайатҳо бекор карда шудааст.
Токио-2020 гуфтааст, ки лағви дастрасии расонаӣ ва маросимҳои истиқбол дар доираи чораҳои соддагардонӣ бо сабаби пандемияи COVID-19 сурат гирифтааст.
"Варзишгарон миннатдоранд, ки Бозиҳои олимпӣ дар чунин шароити вазнин доир мешавад ва тамоми тадбирҳо барои баргузории бозиҳои бехатар андешида мешаванд, - иброз намудааст президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах. - Баъд аз ҳама чизҳое, ки онҳо дар давоми соли гузашта паси сар карданд - лаҳзае ки онҳо намедонистанд оё мусобиқаи навбатӣ баргузор мешавад ё не, намедонистанд, ки рӯзи дигар ба тамрин мераванд ё не, намедонистанд, ки бо мураббӣ дар куҷо бояд вохуранд - ниҳоят онҳо метавонанд дар саҳнаи олимпӣ дурахшанд".
Деҳаи олимпӣ тақрибан шаш километр дуртар аз Варзишгоҳи миллӣ ҷойгир аст. Маҷмаа 21 бинои истиқоматӣ ва 3800 ҳуҷраро дар бар мегирад.
Интизор меравад, ки дар давоми Бозиҳои Олимпиада тақрибан 18000 варзишгар ва шахсони расмӣ дар деҳа истиқомат кунанд.
Варзишгарон дастур гирифтаанд, ки на пештар аз панҷ рӯзи пеш аз мусобиқа ба деҳа ҳозир шаванд ва на дертар аз ду рӯз пас аз ба охир расидани мусобиқа онро тарк намоянд.
Маҳдудиятҳо як қисми тадбирҳое мебошад, ки барои коҳиш додани хавфи паҳншавии COVID-19 пешбинӣ шудаанд.
Ёдрас менамоем, ки Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 11 варзишгар дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат мекунанд. 32-юм Бозиҳои Олимпиада аз 23 июл то 8 августи соли равон доир мегардад.