17.05.2021
: 678
15 май дар шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон 9-ум Марафони байналмилалии Иссиқкӯл СҲШ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ, ки дар ду масофа миёни мардону бонувон ва синну соли гуногун доир гашт, 3000 варзишгар ва дӯстдорони варзиш аз 35 давлат иштирок карданд. Фонди ҷоизавии чорабинӣ 1 миллиону 44 ҳазор сомро ташкил дод.
Дар чорабинӣ давандҳои тоҷик низ ширкат карда, 5 нафар ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф гардиданд.
Дар марафон бо масофаи 42 км 195 м миёни мардон намояндаи кишвари мо Шокирҷон Мамейқулов бо натиҷаи 2:36.58 медали биринҷӣ ва 70 ҳазор сом ба даст овард. Бахтиёр Уткиров бошад, бо натиҷаи 2:36.59 ҷои чорум ва 50 ҳазор сом гирифт.
Дар ниммарафон ба масфаи 21 км 97 м миёни мардон Ҳасанҷон Акбаралиев бо натиҷаи 1:12.48 сазовори медали биринҷӣ ва 20 ҳазор сом шуд. Меҳробҷон Одинаев бо натиҷаи 1:14.27 ҷои чорум (10 ҳазор сом), Ғайрат Олимов бо натиҷаи 1:14.40 (7 000 сом) ҷои панҷумро ишғол карданд.