Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ХУҶАНД” ВА “РАВШАН” АЗ ИДОМАИ МУБОРИЗА БАРОИ ҶОМИ КФО МАҲРУМ ШУДАНД

18.05.2021

: 685

Клубҳои футболи Тоҷикистон – барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2020 “Хуҷанд” ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 “Равшан” имконияти аз гурӯҳҳои худ баромаданро аз даст дода, аз идомаи мубориза барои Ҷоми КФО-2021 маҳрум шуданд.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ дар гурӯҳи “F” “Хуҷанд” аз “Насаф”-и Узбекистон бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардид. Ин бозӣ 17 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳ “Олтин Асир”-и Туркманистон бар тими “Олой”-и Қирғизистон бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд.

Дар гурӯҳи “Е” дар Бишкек “Аҳал”-и Туркманистон “Дордой”-и Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ҳамин тариқ, новобаста ба натиҷаи бозиҳои даври сеюм, дар гурӯҳи “Е” дастаи “Аҳал” бо 6 хол ғолиб шуд. Дар гурӯҳи “F” “Насаф” бо 6 хол, “Отин Асир” бо 4 хол дар ҷойҳои якуму дуюм мавқеъ доранд ва барои ғолиби гурӯҳ шудан дар даври сеюм вомехуранд.

Бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар минтақаи Марказӣ 20-уми май баргузор мешавад. Дар Душанбе “Хуҷанд” бо “Олой”, дар Бишкек “Равшан” бо “Дордой” бозӣ мекунанд.

Ҷоми КФО-2021
Минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «F». 2-юм давр
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – “Насаф” (Узбекистон) - 0:3
Голҳо: Акмал Мозговой, 10 (0:1). Ҳусниддин Алиқулов, 42 (0:2). Шерзод Насруллоев, 45+1 (0:3).

«Олой» (Қирғизистон) – “Олтин Асир” - 4:5
Голҳо: Ойбек Абдуғафоров, 2 (0:1). Айдар Мамбеталиев, 29 (1:1). Алтимурод Аннадурдиев, 41 – аз пеналтӣ (1:2). Вазиргелдӣ Илёсов, 44 (1:3). Михаил Титов, 48 (1:4). Гуйчмурат Аннақулиев, 72 (2:4). Фурқат Турсунов, 84 (3:4). Адилет Нурлан, 90 (4:4). Алтимурод Аннадурдиев, 90+3 – аз пеналтӣ (4:5)

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1   "Насаф" (Узбекистон)    2  2  0  0  7-0  6
 2  "Олтин Асир" (Туркманистон)     2   1  1  0  7-6  4
 3  "ХУҶАНД" (ТОҶИКИСТОН)  2  0  1  0  2-5  1
 4  "Олой" (Қирғизистон)  2  0  0  2  4-9  0

Бозиҳои оянда:

3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
17:00. «Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
21:05. «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

Гурӯҳи «Е». 2-юм давр
“Дордой” (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон) – 0:2
Голҳо: Александ Мишченко, 7 (0:1). Элман Тагаев, 78 (0:2).

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1    "Аҳал" (Туркманистон)    2  2  0  0  5-1  6
 2  "РАВШАН" (ТОҶИКИСТОН)    1  0  0  1  1-3  0
 3  "Дордой" (Қирғизистон)  1  0  0  1  0-2  0

Бозиҳои оянда:

3-юм давр
20 май (панҷшанбе)
19:00. «Дордой» (Қирғизистон) – «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)