Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ДАВИ МИЛЛӢ БЕШ АЗ 295000 НАФАР ШИРКАТ КАРДАНД

17.05.2021

: 744

16 май дар ҷумҳурӣ Давӣ миллӣ баргузор шуд, ки дар саросари кишвар беш аз 295 ҳазор нафар дар он иштирок намуданд.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Дави миллӣ 295 621 нафар, аз ҷумла 96 101 нафар бону фаъолона иштирок карданд.

Аз ҷумла иштирокчиёни Дави миллӣ дар вилояти Хатлон 88 658 нафар, дар вилояти Суғд 83 480 нафар, дар шаҳри Душанбе 43 850 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 66 683 нафарро ташкил дод.

Ёдрас менамоем, ки Дави миллӣ 14-ум маротиба аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи Дави миллӣ 28 марти соли 2007, №225 ба тасвиб расида, аввалин Дави миллӣ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 доир гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ таъмини оммавияти варзиш байни сокинон, новобаста ба синну сол, саломатии аҳолӣ ва рушди варзиш мебошад.