Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАЛЕР РИЗОЗОДА – БАРАНДАИ МЕДАЛИ НУҚРАИ ЧО-2021

14.04.2021

: 763

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ Далер Ризозода барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид.

13 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин оғоз шуд, ки варзишгари тоҷик Далер Ризозода ҷои дуюмро сазовор шуд.

Ӯ дар вазни 77кг қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманистонӣ, дар нимфинал бар намояндаи Қазоқистон Дамеу Жадраев пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт. Вале бо сабаби лат бардоштан натавонист дар финал нерӯ санҷад.

Ду варзишгари дигарамон – Асламҷон Азизов дар вазни 55кг ва Тоҳирҷон Охунов дар вазни 87кг ҷои панҷумро гирифтанд.

Имрӯз – 14 апрел – қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ дар панҷ вазни дигар идома меёбад, ки варзишгарони мо низ иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Далер Ризозода соли 2019 медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавононро сазовор гардидааст.