Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

XI НИММАРАФОНИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕШАВАД

14.04.2021

: 690

17 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон XI Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқа бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 493049 сомонӣ ҷудо гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар додаанд, XI Ниммарафони байналмилалии Душанбе соати 09:00-и рӯзи 17-уми апрел оғоз меёбад.

Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт барргузор мешавад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.

Дар Ниммарафони Душанбе ҳар сол беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва шаҳрҳои дӯст иштирок менамоянд.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Имсол низ барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва шаҳрҳои дӯсту ҳамкор даъват шудаанд.