Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАВРАИ ОМӮЗИШИИ ОЛИМПӢ БАРОИ МАЪМУРОНИ ВАРЗИШИ СУҒД ДОИР ШУД

13.04.2021

: 4459

Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 9-11 апрел дар шаҳри Хуҷанд давраи омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд баргузор шуд.

Дар давраи омӯзишӣ намояндагони мактабҳо ва ташкилотҳои варзишии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат карданд.

Масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон давоми се рӯз ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла “Роҳбарии Ҳаракати олимпӣ”, “Бозиҳои варзишӣ”, “Дастгирии варзишгарон”, “Арзишҳои олимпӣ”, “Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ”, “Малкаҳои роҳбарӣ”, “Мубориза бо допинг” ва ғайра маърӯза хонданд.

Зимни муҳокимаи мавзӯъҳо аз ҷумла қайд гардид, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ба варзишгарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва онҳо дар маркази Ҳаракати олимпӣ қарор доранд.

Бо тавсияи КБО дар назди ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ Комиссияи варзишгарон таъсис дода шудааст, ки онҳо дар қабули қарорҳо нақши асосӣ хоҳанд дошт. Аз ҷумла, дар назди КМО Тоҷикистон низ Комиссияи варзишгарон таъсис ёфтааст ва онҳо дар Ассамблеяи генералӣ ва Кумитаи иҷроияи Кумита узвият хоҳанд дошт.

Бо хушнудӣ қайд карда шуд, ки Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса доранд ва варзишгаронро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунанд. Таъсиси додани Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ шоҳиди ин гуфтаҳост.

Дар масъалаи допинг гуфта шуд, ки аз 1 январи соли 2021 Кодекси таҷдидшудаи зидди допинг амал мекунад, ки як қатор талаботи нав дорад. Тавсия дода шуд, ки ба ин масъала дар мактабҳои варзишӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Варзишгарон аз наврасӣ бояд дар руҳияи бозии одилона ва варзиши покиза тарбия ёбанд.

Баргузории давраҳои омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиши минтақаҳои дигари кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.