Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИНГИРОНИ ТОҶИК ДАР ЧО-2021 ИШТИРОК МЕКУНАНД

12.04.2021

: 758

Дар идомаи мусобиқаи интихобии олимпии Осиё оид ба гуштин, ки 9-11 апрел баргузор шуд, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Чемпионати Осиё-2021 оид ба гуштин доир мегардад.

Чемпионати Осиё оид ба гуштин 13-18 апрел бо иштироки 315 варзишгар аз 23 давлати қора сурат мегарад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар дар ду равия – гуштини озод ва гуштини юнонӣ-римӣ – ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё номнавис шудаанд.

Чемпионат бо қувваозмоиҳо дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ (13-14 апрел) оғоз мегардад. 15-16 апрел мусобиқоти гуштини бонувон ва 17-18 апрел мусобиқоти гуштини озод баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштин барои иштирок дар Чемпионати Осиё-2021:

Гуштини озод
57кг – Ҳикматулло Воҳидов
61кг – Муҳаммад Икромов
65кг – Мустафо Ахмедов
70кг – Саидасан Ашрафхонов
74кг – Ғуломҷон Шарипов
86кг – Баҳодур Қодиров
125кг – Искандари Рустам

Гуштини юнонӣ-римӣ
50кг – Асламҷон Азизов
60кг – Фирӯз Мирзораҷабов
67кг – Шероз Очилов
72кг – Муслиҳиддин Уроқов
77кг – Далер Ризозода
87кг – Тоҳирҷон Охунов
97кг – Амирҷон Ҷураев