Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: АВВАЛИН ПИРӮЗИИ “ЭСХАТА”

12.04.2021

: 729

10-11 апрел бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

10 апрел мухлисон шоҳиди ду бозӣ гардиданд. Дастаи нави лигаи олӣ – “Эсхата”-и Хуҷанд аввалин пирӯзиашро дар лигаи олӣ ҷашн гирифт. Бонкчиҳо дар сафар тими КМВА-и Душанберо бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуданд. Ҳар се голро дар ҳайати “Эсхата” легионерҳои узбекистонӣ заданд – Акобир Тураев ду гол, Шаҳзод Абдураҳимов як гол.

Бозии дигар миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Хуҷанд” мусовӣ – 1:1 шуд. Ба голи задаи Нуриддин Ҳамроқулов хуҷандиҳо тавассути зарбаи нишонраси Артем Сердюк ҷавоб доданд.

Ду бозии дигари давр 11 апрел доир шуд. “Куктош” дар майдони худ бар дастаи “Истаравшан” ғалаба кард – 1:0. Голи ягонаро дар ин вохурӣ Азизбек Султонов ба номаш сабт кард.

Дар бозӣ миёни дастаҳои “Равшан” ва “Файзканд” ғолиб муайян нагардид – 0:0.

Ёдрас менамоем, ки бозиҳои дастаи “Истиқлол” дар лигаи олӣ, бо сабаби иштироки ин даста дар марҳилаи гурӯҳии лигаи чемпионҳои Осиё дар вақти дигар баргузор мешаванд.

Бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон 16, 17, 18 апрел доир хоҳанд шуд.