Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУҲАММАДРИЗО ҚУВВАТОВ – ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА КУРАШ

МУҲАММАДРИЗО ҚУВВАТОВ – ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА КУРАШ МУҲАММАДРИЗО ҚУВВАТОВ – ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА КУРАШ

12.04.2021

: 741

Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш барои ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон паҳлавонони тоҷик 4 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

15-ум нашри мусобиқа ба хотираи Ҳаким Тирмизӣ дар шаҳри Тирмиз аз рӯи панҷ категорияи вазнӣ бо иштироки беш аз 150 паҳлавон аз 30 давлат сурат гирифт.

Медали тиллоро дар ҳайати Тоҷикистон Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг сазовор шуд. Ӯ дар қувваозмоии финалӣ Абдулазиз Ҳамроеви узбекистониро мағлуб кард.

Додохон Қурбоналиев дар вазни мутлақ медали нуқра ба гардан овехт. Ҳусайн Илсоҳзода дар вазни -73кг ва Неъматулло Арслонқулов дар вазни мутлақ медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Ғолибон бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.