Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАЗИРИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ҶОПОН ПРЕЗИДЕНТИ “ТОКИО-2020” ИНТИХОБ ШУД

18.02.2021

: 864

Вазири Бозиҳои олимпии Ҷопон, хонум Сейко Ҳашимото президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Ёширо Мориро иваз кард, ки ҳафтаи гузашта истеъфо дода буд.

Ҳашимото гуфт, бо Сарвазири Ҷопон Йошиҳиде Суга вохурда, аз мансаби вазири Бозиҳои олимпӣ даст кашидааст.

Номзадии барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба конкитозӣ, ки 56-сола аст, аз ҷониби Кумита оид ба интихоби номзадҳо, ки вазифадор шуда буд, то ҷойгузини Мориро интихоб кунад, пешниҳод гардид.

“Ман тамоми талошамро барои бомуваффақият гузаштани Бозиҳои Токио ба харҷ медиҳам”, - гуфт Ҳашимото.

Интихоб шудани зан ба ин мақом, пас аз истеъфои Морӣ бо сабаби андешаҳои тавҳиномезаш нисбат ба занон, қадами бисёр муҳим мебошад.

Кумитаи интихобӣ бо роҳбарии директори иҷроияи Canon Фуҷио Митараии 85-сола ҷараёни интихобро, дар робита ба он ки Бозиҳои олимпии батаъхирафтодаи Токио-2020 бояд панҷ моҳ пас кушода шавад, тезонд.

Бино ба гузоришҳо, Ҳашимото яке аз се номзадест, ки аз ҷониби Кумитаи интихобӣ ба қайд гирифта шудааст. Расонаҳои Ҷопон гузориш дода буданд, ки номзадии президенти Кумитаи олимпии Ҷопон, барандаи медали тиллои Бозиҳои Олимпиадаи соли 1984 дар Лос-Анҷелес оид ба ҷудо Ясуҳиро Ямашита ва барандаи ду медали биринҷии Бозиҳои олимпии Сеул-1988 дар намуди шиноварии синхронӣ Микако Котанӣ низ ба мақоми президенти “Токио-2020” пешниҳод шуда буд.