18.02.2021
: 896
20-21 феврал дар шаҳри Эрзуруми Туркия мусобиқаи навбатии Федератсияи байналмилалии лижаронӣ (FIS) – Ҷоми Анатолиа баргузор мешавад.
Ба иттилои Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, дар мусобиқа, ки танҳо аз рӯи равияи слалом миёни мардон ва бонувон баргузор мешавад, ду варзишгари тоҷик – Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов иштирок мекунанд.
Варзишгарон дар ин мусобиқа, дар сурати иҷро кардани меъёрҳои муайяннамудаи FIS, имкон доранд соҳиби роҳхат ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 гарданд.
Ёдовар мешавем, ки Сайфиддин Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин, ки 4-20 феврали соли 2022 баргузор мешавад, талош мекунанд.