17.02.2021
: 833
Имрӯз, 17 феврал, бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 баргузор шуд.
“Хатлон” бар дастаи “Равшан” бо ҳисоби 2:0 ва “Истиқлол” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.
Ҳамин тариқ, бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 миёни дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва “Истиқлол”-и Душанбе 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд. Дидори ин дастаҳо низ 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат мегирад.
Ҷоми ФФТ-2021
Нимфинал
«Хатлон» – «Равшан» – 2:0
Голҳо: Жан Гатен, 33 (1:0). Жан Гатен, 90+2 (2:0).
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2
Голҳо: Шерзод Муҳамадиев, 5 (0:1). Диловаршо Ғаниев, 26 (0:2). Манучеҳр Ҷалилов, 56 – аз пеналтӣ (1:2). Салам Ашурмамадов, 77 (2:2). Зоир Ҷурабоев, 82 (3:2).
20 феврал (шанбе)
Бозӣ барои ҷои сеюм
11:00. «Равшан» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Финал
15:00. «Хатлон» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ