19.02.2021
: 838
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 19-уми феврал барои варзишгарони Федератсияи каратэ-до оид ба масъалаҳои допинг семинари омӯзишӣ доир кард.
Дар семинар аъзои дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба каратэ-до ва мураббиён аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва вилояти Хатлон ширкат карданд.
Ба гуфтаи директори генералии КМО Тоҷикистон Эркин Латипов, барномаи семинар аз ҷанбаҳои асосии Кодекси ҷаҳонии зидди допинг-2021 иборат буд, аз ҷумла:
- Ҷанбаҳои асосии Кодекси ҷаҳонии зидди допинг-2021.
- Омӯзиш ва амалия. Омӯзиши зидди допинг – дастури электронии зидди допинг ва дигар сарчашмаҳои таълимӣ.
- Чорабиниҳои маърифатии Федератсияи миллӣ.
- Назорати допинг, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои варзишгар.
Ин фаъолиятҳо ба КМО Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо федератсияҳои миллӣ дар самти мубориза бар зидди допинг дар соҳаи варзиш, аз ҷумла пешниҳоди иттилооти муосир дар бораи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва таълимии мубориза бо допинг дар варзиш дар асоси Кодекси 2021 ва стандартҳои байналмилалии Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) ҳамкориҳои судмандро таъмин намояд.
Ёдовар мешавем, ки бо сабаби фаъолият надоштани ташкилоти миллии зидди допинг, тибқи талаботи WADA аз 1 январи соли 2021 КМО Тоҷикистон уҳдадориҳоро дар самти мубориза бо допинг ба зимма гирифтааст.