09.11.2020
: 951
Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Устуворӣ дар варзиш”-и Ҳамбастагии олимпӣ 3-4 ноябр дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат семинари омӯзишӣ ва 4-5 ноябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ оид ба шоҳмот, баскебол ва волейбол баргузор шуданд.
Дар доираи семинарҳо ташаббус ва василаҳои муассири ҷалби аҳолӣ ба масъалаҳои рушди устувор тавассути чорабиниҳои оммавии варзишӣ баррасӣ гардиданд. Пас аз чорабиниҳо аксияи экологӣ гузаронида шуда, иштирокчиён дар тоза кардани атрофи иншооти варзишӣ саҳм гузоштанд.
Ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани иқтидори ҷомеаи варзишӣ барои истифодаи амалия ва таҷриба дар самти идоракунии равандҳо бо дарназардошти принсипҳои рушди устувори дар Ҳаракати олимпӣ пешбинишуда, инчунин паҳн намудани донишҳое, мебошад, ки дар натиҷаи чорабиниҳои варзишӣ, экологӣ ва иттилоотӣ-маърифатӣ ба даст омаданд.Истифодаи амалия ва таҷриба дар самти идоракунӣ бо дарназардошти принсипҳои рушди устувор метавонад ба такмили иқтидорҳои федератсияҳои миллӣ ва ташаккули масъулияти иҷтимоии ҷавонон мусоидат намояд, шаҳрвандони кишварамон тавассути варзиш ба ҳифзи муҳити зист ҷалб карда шаванд, фарҳанги рафтор дар муносибат бо табиат тавассути ташвиқи фаъолиятҳо ва эҳтиром ба муҳити зист шакл гирад.
Дар мусобиқаҳои варзишӣ оид ба шоҳмот, баскетбол ва волейбол дастпарварони мактабҳои варзишии пойтахт иштирок ва миёни ҳам қувва озмуданд. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳо бо диплом ва медалҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гардиданд, ҳамчунин ба мактабҳои варзишӣ таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд.