12.11.2020
: 998
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Баробарии гендерӣ ва гуногуниҳои биологӣ”-и Ҳамбастагии олимпӣ 3-10 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ семинарҳои дурӯзаи “Таълимоти базавии гендерӣ барои варзишгарони пешсаф” доир кард.
Дар семинарҳои омӯзишӣ 60 нафар маъмури варзиш, асосан аз ҳисоби федератсияҳои миллии фаъол, клубҳо ва мактабҳои варзишӣ ширкат карданд ва дониши худро оид ба муҳим будани иштироки занон дар варзиш ва ҷалби онҳо ба мақомҳои роҳбарикунандаи ташкилотҳои варзишӣ такмил доданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ ба ташкили шабакаи роҳбарон аз ҳисоби мардҳо барои баробарии гендерӣ, ҳамчунин таъсиси базаи моддӣ-техникии клубҳо барои духтарон дар минтақаҳо нигаронида шуда буд.Маъмурони варзиш оид ба масъалаҳои гендерӣ, усулҳои муошират ва иртибот, инчунин малакаҳои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ оид ба бартараф намудани мушкилоти гендерӣ, ҷалби духтарон ба варзиш ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳои варзишии тамоми сатҳҳо вобаста ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо омӯзонида шуданд.
Таъкид шуд, ки баробарии гендерӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад, ки ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф барномаву лоиҳаҳои гуногун дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад ва дар робита ба ин дар соҳаи варзиш низ сатҳи иштироки бонувон сол то сол меафзояд.Иштирокчиёни семинарҳо сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дарёфт карданд.