09.11.2020
: 945
7 ноябр дар шаҳри Дубайи АМА бозии рафиқонаи тимҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор шуд.
Вохӯрӣ бо рақобати баробари дастаҳо сурат гирифта, Баҳрайн бо ҳисоби минималии 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ дар охири нимаи аввал зад.
Рӯзи 12 ноябр тими миллии Тоҷикистон боз як бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ҳарифи тими миллии мо ин навбат мунтахаби футболи АМА хоҳад буд.
Бозии рафиқона
Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН – 1:0
Гол: Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ, 44.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эгашев, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев (Манучеҳр Ҷалилов, 87), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 80), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулмуъмин Забиров (Комрон Турсунов, 70), Эҳсони Панҷшанбе, Илҳомҷон Баротов (Ислом Зоиров, 70), Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 80).
Довари марказ: Аҳмад Исо Дарвеш (АМА).
7 ноябр. Дубай. Варзишгоҳи «Police Officers’ Club».