07.07.2020
: 1098
Агентии ҷаҳонии мубориза бо допинг (WADA) нақшаи стратегии панҷсоларо бо унвони “Тақвияти мубориза бо допинг дар асри нав” нашр кард.
Нақша аз ҷониби кумитаи иҷроияи WADA, 15 май дар ҷаласаи маҷозӣ бо дастгирии ҳамаи аъзои он ба тасвиб расид.
WADA изҳор намудааст, ки коркарди нақша моҳи майи соли гузашта шуруъ шуда буд ва дар таҳияи он андешаҳои варзишгарон, намояндагони ташкилотҳои варзишӣ ва ҳукуматҳо, ташкилотҳои миллии зидди допинг ва лабараторияҳои WADA ба назар гирифта шудааст.
WADA чанд қисматро муайян кардааст, ки рӯи онҳо бештар кор хоҳад кард. Ташкилот эълон намуд, ки дар панҷ соли татбиқи нақша ба шаш масъалаи стратегӣ авлавият хоҳад дод, аз ҷумла мисол овардааст, ки қабули қарорҳои фаврӣ оид ба проблемаҳои пешомада бо истифода аз технологияҳои навтарин дар самти мубориза бо допинг. Ҳамчунин, тавсеаи таъсири WADA бо мақсади фарогирии бештар ва самаранокии барномаҳои зидди допинг ва мубодилаи донишҳо миёни ташкилотҳои зидди допинг ва татбиқи барномаҳои маҳаллӣ.
Ҷалби варзишгарон ҷиҳати саҳм гузоштан дар коркарди сиёсати зидди допинг мақсади дигари WADA гуфта шудааст. Пешниҳоди роҳҳои осонтари зидди допинг барои варзишгарон ва ҷалби сармоя барои таҳияи барномаҳо барои варзишгарон ва ҳамроҳон, то машғулиятҳои солим ва карйераи устувор дар варзиш дошта бошанд, аз ҳадафҳои дигар арзёбӣ шудааст.
WADA, ҳамчунин, мақсади ҷалб ва ҳамкорӣ бо ҳамаи онҳоест, ки дар мубориза бо допинг фаъолият доранд, аз ҷумла бо ташкилотҳои варзишӣ ва мақомоти давлатӣ.