Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Соро-Мадэ: Анҷоми курси техникӣ барои мураббиёни ҷудо

Соро-Мадэ: Анҷоми курси техникӣ барои мураббиёни ҷудо Соро-Мадэ: Анҷоми курси техникӣ барои мураббиёни ҷудо Соро-Мадэ: Анҷоми курси техникӣ барои мураббиёни ҷудо Соро-Мадэ: Анҷоми курси техникӣ барои мураббиёни ҷудо Соро-Мадэ: Анҷоми курси техникӣ барои мураббиёни ҷудо

08.07.2020

: 1283

Курси омӯзишӣ-техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни ҷудо, ки 1 июл дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон оғоз гардида буд, 8 июл ба анҷом расид.

Дар курси техникӣ 20 мураббӣ аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карда, аз коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров қоида ва усулу техникаҳои гуштини ҷудоро ҳам назариявӣ ва ҳам дар амал омӯхтанд.

“Муддати ҳашт рӯз мо дар асоси дастурамалу маводҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо бо иштирокчиёни курс қоидаву усулҳои ҷудоро, ки қариб ҳар сол бозбинӣ мешаванд, ҳам назариявӣ ва ҳам дар амал баррасӣ кардем ва умед мекунем, ки омӯзишҳо барои мураббиён ҷиҳати омода кардани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ коромад хоҳад буд”, - иброз намуд Рамзӣ Шамиров.
Дар ҷамъбасти курс котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат карда, мураббиёнро барои бомуваффақият хатм кардани курси омӯзишӣ шодбош гуфт.
“Баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералӣ иброз намуда буданд, роҳандозӣ мешавад. Дар оянда чунин курсҳо барои намудҳои дигари варзиш низ ба нақша гирифта шудааст”, - афзуд Абдуллозода М.
Сипас, ба иштирокчиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақдим карда шуд.