06.07.2020
: 1087
Федератсияи байналмилалии варзишҳои обӣ (FINA) равияҳои ҷаҳиш аз баландӣ ва маҷмуи пурраи шиноварӣ ба масофаи 50 метрро дар барномаи Париж-2024 дидан мехоҳад.
FINA бо ин роҳ мехоҳад ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 тағйироти ҷиддӣ ворид созад ва мавқеи худро ҳамчун федератсияи байналмилалии варзишӣ бо дарназардошти медалҳои бештар мустаҳкам намояд.
Чунин иқдом дар асоси нақшаи стратегии федератсия барои солҳои 2018-2021 амалӣ хоҳад шуд.
FINA талошашро барои ба барномаи олимпӣ ворид кардани ҷаҳиш аз баландӣ, афзоиш додани шумораи варзишгарони иштирокчӣ дар равияҳои ҷаҳиш ба об, тӯббозӣ дар об ва марафон ва сабқатҳои нав, аз ҷумла дар масофаи 50 метр ба барномаи Бозиҳои олимпии оянда идома медиҳад. Феълан дар масофаи 50 метр танҳо шинои озод ворид аст.
Ҷаҳиш аз баландӣ баъд аз муаррифӣ дар соли 2013 маъруфияти зиёд ба даст овард. Баландии ҷаҳиш 27 метр барои мардҳо ва 20 метр барои бонувонро ташкил медиҳад.
FINA, ҳамчунин, мехоҳад ба баробарии гендерӣ дар мусобиқаи олимпии тӯббозӣ дар об даст ёбад, ки дар Токио-2020 12 квота барои мардҳо ва 10 квота барои бонувон пешбинӣ шудааст. Инчунин ҳамаи 6 мусобиқаи масофаи 50-метриро – пуштнокӣ, парвона ва брасс барои ҳар ду ҷинс – дар барномаи Бозиҳои олимпӣ дидан мехоҳад.
Ҳоло шумораи умумии мусобиқаҳо аз 306 дар Рио то 339 дар Токио афзоиш ёфтааст, вале дар Париж афзоиши мусобиқот номумкин хоҳад буд, хусусан дар вазъияти феълӣ, ки пандемияи COVID-19 соҳаи варзишро дар ҳадди буҳронӣ қарор додааст.
Муҳлати ниҳоӣ барои тасдиқи барномаи варзишии Париж-2024 ва квотаҳо барои варзишгарон моҳи декабри соли равон муайян шудааст. Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ як қатор талаботҳои калидиро пеш гузоштааст. Аз ҷумла тавсия дода мешавад, ки квотаҳо барои варзишгарон аз 11000 дар Токио то 10500 кам карда шавад. Инчунин, ворид кардани мусобиқоти нав ба барнома танҳо дар сурати мавҷуд будани ҷой иҷозат дода мешавад. Баробарии иштироки мардону занон низ яке аз талаботҳои асосӣ ба шумор меравад, ки имконпазир аст. Барои ин ба намудҳои даставии варзиш ва вазнбардорӣ шояд тавсия дода шавад, ки мусобиқот миёни мардонро кам кунанд ба ҷои зиёд кардани мусобиқот миёни бонувон.
Дар сурати қабули пешниҳоди FINA мусобиқаҳои варзиши обӣ дар Бозиҳои олимпӣ ба 49 адад мерасад – 37 мусобиқа оид ба шиноварӣ, - 8 – ҷаҳиш ба об ва ду мусобиқа оид ба шинои ҳамзамон ва тӯббозӣ дар об, ки зиёдтарин ба шумор меравад. Феълан бо 48 мусобиқа варзиши сабук бештари медалҳоро ба даст меорад.