06.05.2019
: 1149
10-12 май дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он 3 паҳлавони тоҷик иштирок мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа иштироки 469 варзишгар (281 мард, 188 зан) аз 58 кишвари дунё дар назар аст.
Ҷумҳурии моро се варзишгари шинохта – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг намояндагӣ мекунанд.
Қувваозмоиҳо аз рӯи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон – сурат мегирад ва варзишгарон сазовори холҳои олимпӣ мегарданд. Аз ҷумла, барои иштирок 5 хол, барои як пирӯзӣ 50 хол, барои ду пирӯзӣ 60 хол, барои се пирӯзӣ 80 хол, барои ҷои 7-ум 130 хол, барои ҷои панҷум 180 хол, барои ҷои сеюм 250 хол, барои ҷои дуюм 350 хол ва барои ҷои якум 500 хол пешбинӣ шудааст. Чун анъана варзишгарон дар баробари ба даст овардани медал, бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Варзишгарон барои ҷои аввал 5000 доллари ШМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ ба даст меоранд.
Феълан дар раддабандии олимпӣ Комроншоҳ Устопириён дар ҷои 14-уми вазни -90кг, Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 29-уми вазни -73кг ва Шакармамад Мирмамадов дар ҷои 50-уми вазни +100кг мақеъ доранд.
Барномаи Гранд Слами Боку-2019
10 май
Занҳо: -48кг, -52кг, -57кг; мардҳо: -60кг, -66кг;
11 май
Занҳо: -63кг, -70кг; мардҳо: -73кг, -81кг;
12 май
Занҳо: -78кг, +78кг; мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг.
Оғози мусобиқаҳои интихобӣ - соати 11:00, оғози мусобиқаҳои финалӣ - соати 18:00 бо вақти Душанбе.