07.05.2019
: 921
Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузории бозиҳои рафиқонаи дастаи мунтахаби кишварро дар моҳи июн ба нақша гирифтааст.
Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон-2022, ки моҳи сентябр оғоз меёбад, мунтахаби миллии Тоҷикистон моҳи июн ду бозии рафиқона анҷом медиҳад. 7-уми июн мунтахаби мо дар шаҳри Душанбе бо тими миллии Афғонистон ва баъд аз 4 рӯз дар Гуанжоу бо мунтахаби Чин, ки моҳи январи гузашта то даври чорякфинали Ҷоми Осиё-2019 баромад, вомехурад.
Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии ЧҶ-2022 тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Inter-Continental Cup 2019», ки 7-18 июл дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Бозиҳои рафиқона
7 июн (ҷумъа)
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
11 июн (сешанбе)
Чин – ТОҶИКИСТОН
Гуанжоу, Чин