06.05.2019
: 978
Чемпиони Тоҷикистон – дастаи футзали “Соро компания”-и шаҳри Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ғолиби 7-ум Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Ширкати букмекерии “Олимп” ба хотираи Одилбек Жауиров, ки аз 1 то 5 май дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуд, гардид.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ футболбозони “Соро компания” бар дастаҳои “Атирау” (Атирау) – 7:0, “Окжетпес” (Кокшетау) – 5:1 ва “Орал” (Уралск) – 4:1 ғалаба карданд. Дар нимфинал чемпиони Тоҷикистон бо дастаи “Умирзак” (Атирау) вохурд. Вақти асосӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт, дар задани пеналтӣ бахт ба рӯи “Соро компания” хандид – 8:7. Дар бозии ниҳоӣ душанбегиҳо бар тими футзали “Инта” (Актау) бо ҳисоби 4:2 ғалаба карданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи “Соро компания” дар баробари ҷоизаҳои ифтихорӣ мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2 миллион тангаи қазоқӣ (5240 доллари ШМА) тақдим карда шуд.