Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: КМВА “Помир” аввалин ғалабаашро ҷашн гирифт

06.05.2019

: 937

4 май бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар сафар бар тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби калони 5:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов, Шериддин Бобоев, Ҷалил Кимсанов, Алишер Ҷалилов ва Аҳтам Назаров ба номашон сабт карданд.
Дастаи “Хуҷанд” бошад, дар майдони худ бар тими “Куктош” пирӯз шуд (2:1). Се холро ба дастаи Хуҷанд Турсуналӣ Рустамов ва Дилшод Бозоров оварданд. Голи “Куктош”-ро Амирҷон Сафаров зад.
Дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бо тими “Регар-ТадАЗ” мусовӣ (2:2) бозӣ карданд. Футболбозони шаҳри Турсунзода бозиро бо ҳисоби 2:0 мебурданд, аммо натавонистанд ғалаба кунанд. Голҳои задаи Абдухалил Боронов ва Нуриддин Ҳамроқулов тими мизбонро аз бохт наҷот дод.
Дар бозии охири давр дастаи КМВА “Помир” дар меҳмонӣ тими “Истаравшан”-ро шикаст дода (2:1), аввалин ғалабаашро дар мавсими нав ҷашн гирифт. Дар ҳайати дастаи ғолиб Шарафҷон Солеҳов ва Далер Ёдгоров гол заданд.
Баъд аз натиҷагирии панҷ даври чемпионати Тоҷикистон “Истиқлол” бо 13 хол пешсаф аст. Бо фарқияти ду хол “Хуҷанд” дар ҷои дуюм қарор дорад. Дар идома “Куктош” ва “Регар-ТадАЗ” бо 7-холӣ ҷойгиранд.
Бозиҳои даври шашуми Чемпионати мамлакат 9 ва 11 май баргузор мешаванд. 9 май “Истиқлол” бо КМВА “Помир”, “Панҷшер” бо “Хуҷанд”, 11 май “Регар-ТадАЗ” бо “Истаравшан”, “Куктош” бо “Хатлон” вомехуранд.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЧЕМПИОНАТ
   ДАСТАҲО   Б   Ғ   М   Б   Т/Т   Х 
 1  "Истиқлол" (Душанбе)   5  4  1  0  18/5   13 
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  5  3  1  1  8/5  10
 3  "Куктош" (Рӯдакӣ)  5  2  1  2  8/8  7
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)     5  2  1  2  8/9  7
 5  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)     5  2  0  3  5/10  6
 6  "Хатлон" (Бохтар)  5  1  2  2  5/7  5
 7  КМВА "Помир" (Душанбе)  5  1  2  2  3/5  5
 8  "Истаравшан" (Истаравшан)  5  1  0  4  5/11  3