Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Каратэчиёни беҳтарин муайян гардиданд

06.05.2019

: 923

1-2 май дар толори Маркази омодагии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ-до баргузор шуд.

Дар мусобиқа, ки дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, 168 варзишгар дар ҳайати 9 даста аз минтақаҳои кишвар иштирок ва барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд.
Дар натиҷа, дастаи вилояти Суғд бо ба даст овардани 43 медал (15 тилло, 11 нуқра, 17 биринҷӣ) ғолиб омад. Хатлон-1 бо 6 медали тилло, 1 нуқра, 11 биринҷӣ ҷои дуюм, дастаи Душанбе-1 бо 5 медали тилло, 7 нуқра, 14 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд.
Ғолибон ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷалб шуда, Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард.