02.05.2019
: 1086
Ба АМИТ «Ховар» аз номи мураббии мактаби варзишии №9-и шаҳри Душанбе, эксперти Федератсияи дӯстдорони бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Шамсиев изҳороте расидааст, ки дар он омадааст:
«Тӯли чиҳил сол мешавад, ки ба ҳайси мураббӣ дар риштаи бокс ба шогирдон дарс медиҳаму нозукиҳои ин риштаи варзишро ба онҳо меомӯзонам. Дар тӯли фаъолияти мураббигиям се шогирдам - Мавзуна Чориева соли 2010, Анвар Юнусов соли 2011 ва Баҳодур Усмонов соли 2019 ба гирифтани унвони чемпиони Осиё дар риштаи бокс мушарраф шуданд. Ман, ки мутахассиси соҳаи худ ҳастам, аз талабот, қонун ва низоми он бархурдорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам дар доираи он фаъолияти худро роҳзандозӣ намуда, саҳми худро дар пешрафти ҷамъият гузорам. Аммо ба ҳолате, ки суҳбати телефонии худро пас аз интишор гардидан дар радиои «Озодӣ» фаҳмидам, ки бо ман Нарзулло Латипов ҳамсуҳбат шудаасту барои истифода онро қарор додааст, зид мебошам. Чунки интишори чунин як маълумот бе мувофиқаи ман ба обрӯ, саломатӣ ва ҳолати равонии ман таъсиргузор мебошад.
Ман ҳамчун мураббӣ ба ВАО-и ҷумҳурӣ, ҳаводорону дӯстдорони варзиш ва шогирдони алоқамандони ин навъи варзиш изҳор карда, мегӯям, ки ҳолати воқеии кор чунин аст: «Аз 30 март то 3 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Баҳодур Усмонов ба гирифтани мақоми аввал мушарраф гардида, барои идомаи рақобатҳо дар сатҳи байналмилалӣ узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс гардид. Ман мураббии ин варзишгар дар якҷоягӣ бо Федератсияи бокси кишвар ҷиҳати иштироки Баҳодур Усмонов дар Чемпионати Осиё ҳуҷҷатҳоро барои дастгирии молиявӣ 12 апрели соли 2019 ба унвонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод намудем.
Новобаста аз дер пешниҳод кардани маводи пеш аз сафар аз ҷониби ман, 15 апрели соли 2019, фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, яъне ду рӯз пас аз дархости ман, ки ҳолати бисёр фаврии дастгирии дархост мебошад, ба имзо расида, барои ин сафар маблағи 16 952 сомонӣ ҷудо гардид, ки пурра хароҷоти сафарро мепӯшонад. Ман аз ин маълумот хабардор будам ва медонистам, ки Кумита маблағгузории пурраи сафарро пардохт мекунад.
Ҳамзамон аз рӯи таҷриба маълум менамоям, ки новобаста аз дер пешниҳод кардани маълумоти сафар аз ҷониби ман, роҳбарияти Кумита дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сафарбарии варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ Баҳодур Усмоновро дастгирӣ намуда, маблағ ҷудо намуд. Маблағ ҷудо шудааст, Кумита дастгирӣ намудааст ва аз буҷети давлат маблағи 16 952 сомонӣ барои пўшонидани хароҷот пурра басанда мебошад. Бо дарназардошти дер муроҷиат карданамон маблағи ҷудогардида, бо пешниҳоди ҳисоботи молиявии сафар пурра пардохт мегардад, ки ин тартиб низ аз ҷониби мо халалдор шуда, то ҳол ба унвони Кумита ҳисоботи молиявиро пешниҳод накардем».
Ман ҳамчун мурраббии мактаби варзишӣ аз ин дастгирии Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бори дигар изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоям. Хоҳишмандам нисбат ба рўзноманигор Назрулло Латипов дар асоси моддаи 23 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад. Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ў ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода кардан ва паҳн кардани маълумот манъ аст» ва моддаи 29 (Ўҳдадориҳои журналист)-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки дар он ҷо омадааст: «- пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд», аз тарафи мақомоти дахлдор чораҷўӣ карда шавад».