02.05.2019
: 966
Дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дастаи “Истиқлол” бар тими “Дордой” (Қирғизистон) бо ҳисоби калони 4:1 пирӯз шуда, мавқеашро дар садри ҷадвал мустаҳкам намуд.
Вохурӣ шоми 1 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар дақиқаи 15-уми дидор Алишер Ҷалилов аз пеналтӣ ҳисобро кушод. Дар дақиқаҳои охири қисми якум Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавии 11-метра голи дуюми “Истиқлол”-ро ба самар расонид. Дар дақиқаи 49-уми дидор легионери сербиягии “Истиқлол” Михайло Сакич ҳисобро 3:0 намуд. Дар нафасҳои охири бозӣ бошад, Шаҳром Самиев голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонида, пирӯзии бузурги “Истиқлол”-ро дар ин дидор таъмин намуд.
Ягона голи “Дордой”-ро дар дақиқаи 50-ум Мирлан Мурзаев зад.
Ҳамин тавр, баъд аз ин муваффақият дастаи “Истиқлол” бо касби 7 хол садрнишини гурӯҳи “D” боқӣ монд.
Ёдовар мешавем, ки бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Тоҷикистон) – “Олтин Асир” 30 апрел дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” мусовӣ – 0:0 шуда буд.
Бозиҳои даври чоруми Ҷоми КФО дар гурӯҳи “D” 15 май доир мегарданд. “Истиқлол” дар Бишкек бо “Дордой” (Қирғизистон), “Хуҷанд” дар Ашқобод бо “Олтин Асир” (Туркманистон) вомехуранд.
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
Х |
||||
1 |
|
КФ “Истиқлол” (TJK) |
3 |
2 |
1 |
0 |
8 |
2 |
7 |
2 |
|
КФ “Хуҷанд” (TJK) |
3 |
1 |
1 |
1 |
3 |
4 |
4 |
3 |
|
КФ “Олтин Асир” (TKM) |
3 |
0 |
3 |
0 |
2 |
2 |
3 |
4 |
|
КФ “Дордой” (KGZ) |
3 |
0 |
1 |
2 |
3 |
8 |
1 |