01.05.2019
: 1064
26-28 апрел бо ибтикори Федератсияи таеквондо (WTF)-и Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таеквондои ҷаҳонӣ доир гардид.
Дар ин чорабинии бонуфуз беш аз 600 варзишгар дар ҳайати дастаҳои минтақаҳои Тоҷикистон, ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Қувваозмоиҳо дар се синну сол – наврасон, ҷавонон ва калонсолон сурат гирифта, варзишгарони Тоҷикистон бо ба даст овардани бештари медалҳо ғолиб гардиданд. Дастаи Узбекистон ҷои дуюм, дастаи Афғонистон ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба ин намуди варзиш ва муайян намудани аъзои дастаи мунтахаби таеквондо WT–и кишвар барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иборат буд.