01.05.2019
: 1141
Шоми 30 апрел Чемпиони Осиё оид ба бокс дар вазни -64кг Баҳодур Усмонов ба Ватан баргашт.
Чемпионро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулони соҳа, пайвандон ва ҳаводорони варзиш пешвоз гирифтанд. Сипас, бо иштироки ӯ ва Чемпиони Бозиҳои олимпӣ, Чемпиони Осиё дар соли 2019 Дилшод Назаров нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Қайд гардид, ки дастовардҳои солҳои охири варзишгарон дар мусобиқаи сатҳи байналмилаливу минтақавӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон ба даст меояд. Хусусан, Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ такони ҷиддӣ ба рушди соҳаи варзиш гардид. Дар асоси низомномаи Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ барои медали тиллои чемпионатҳои Осиё оид ба намудҳои олимпии варзиш 75000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров санаи 24 апрел дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, дар равияи гурзандозӣ (дар шаҳри Доҳаи Қатар) бо натиҷаи 76.14 метр ва Баҳодур Усмонов 26 апрел дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар вазни -64кг (дар шаҳри Бангкоки Тайланд) сазовори медали тилло гардиданд.
Акнун варзишгарон ба чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук (27.09-6.10.10.2019, Доҳа) ва оид ба бокс (7-21.09.2019, Екатеринбург), ки мусобиқаҳои муҳим барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 маҳсуб меёбанд, омодагӣ мебинанд.