30.04.2019
: 968
Бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Тоҷикистон) ва “Олтин Асир” (Туркманистон) дар доираи даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 (КФО) мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.
Ин дидор 30 апрел дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” сурат гирифт. Ҳамин тариқ, “Хуҷанд” бо 4 хол аз 3 бозӣ ба “Истиқлол” баробар шуд.
Бозии дигари даври сеюми Ҷоми КФО дар гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Дордой” (Қирғизистон) 1 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ – соати 19:00.