Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чавгонбозони ҷавон дар Кӯлоб ба ҳам омаданд

03.05.2019

: 2396

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон бахшида ба солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни ҷавонони соли таваллудашон 1999-2002 баргузор гардид.

Дар мусобиқа дастаҳои чавгонбозони шаҳри Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2, ШНТМ иштирок карданд. Барои ишғоли ҷои сеюм дастаи ШНТМ бар тими Хатлон-1 бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дастаҳои Хатлон-2 ва Душанбе дар бозии ниҳоӣ барои ишғоли ҷои якум неру санҷиданд ва чавгонбозони ҷавони шаҳри Душанбе ба гирифтани медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз гардиданд.
Ғолибону ҷоизадорон бо медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.